Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом санаи 5-уми майи соли ҷорӣ бахшида ба 76-умин солгарди ғалабаи мардуми шӯравӣ аз болои нерӯҳои фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо иштироки муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Юсупов Исмоилҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос, иштирокчиёни ҷанги байналмиллал Муҳиддинов Ихтиёр ва Раззоқов Абдуваҳҳоб хониши сиёсӣ таҳти унвони “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба” дар муассисаи таълимии №24 ба номи Бурҳон Фаррух баргузор гардид. Зимни чорабинӣ намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба корнамоиву шуҷоатмандӣ ва ҷасорату руҳи шикастнопазирии ҷавонмардони тоҷикистонӣ дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баромад намуда, саҳми онҳоро дар таъмини ғалаба муҳим арзёбӣ намуд. Дар ин радиф, доир ба тоҷикистониёне, ки барои корнамоиҳои бемислашон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медалу орденҳои ифтихорӣ ва унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардиданд, маълумот дода шуд. Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр зимни баромади худ аз лаҳзаҳои душвортарини ҷанг, то дар лонаи худ саркӯб гардидани фашистон ибрози андеша намуд. Дар ин ҷода инчунин дар бораи корнамоиҳои ҷавонмардони шаҳри Конибодом низ дар набардҳои ҷанги мазкур ибрози афкор намуд. Иштирокчиёни ҷанги байналмиллал низ дар ин радиф ибрози андеша намуданд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *