Тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат санаи 2- юми ноябри соли ҷорӣ сарбозе,ки чанд руз қабл аз сафи хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баргашт, вохурӣ гузаронида шуд. Дар он ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуда ,бо шароити хизмати ҳарбии сарбоз – Азимов Бахтовар аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Ҷавонон ба суолҳои хеш посухҳо гирифта, сарбозро бо шавқ гуш мекарданд.
Бояд қайд намуд, ки Азимов Бахтовар ду сол дар қисми низомии 051063- и шаҳри Турсунзода хизмати содиқона намуда,бо сари баланд ба хона баргаштааст. Модараш бо чунин фарзанд ифтихор мекунад.
Орзуи онро дорем,ки сафи чунин ҷавонписарон зиёд гарданд.