Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Татбиқи қонунҳои миллӣ дар амал

   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” аз рӯи нақшаи чорабиниҳои махсус амал намуда, то имрӯз байни ҷомеа чандин мулоқоту сӯҳбатҳо, машварату ҷаласаҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонад.

     Ин навбат, мулоқоти судманд санаи 31уми августи соли равон дар Маркази саломатии ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев бо духтурон ва ҳамшираҳои тибби марказ гузаронида шуд, ки дар он масъулини кумиҷроияи шаҳрӣ бобати масъалаи зайл иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки каҷравиҳо дар самти амалишавии Қонунҳои миллӣ бобати вайрон гардидани меъёрҳои қонуни мазкур гардида, риояи қатъии он вазифаи ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад. . Дар баробари ин дар самти нақши Қонуни мазкур дар боло рафтани некӯаҳволии мардум ибрози ақида сурат гирифт.

   Дар фарҷом якчанд нафар ҳамшираҳои ҷавони тиби маркази саломатии мазкур ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *