Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳоҷӣ Алиев аз фаъолияти яксолааш ҳисобот дод

 Санаи 30.06.2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Алиев (Коллеҷи тиббӣ) маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фируза доир гардид.  Аз руйи масъалаи якуми ҷаласа аз тарафи муовини раиси ташкилот Султонов Олимҷон ҳисоботи яксолаи ташкилот ба саҳми ҳозирин расонида шуд. Зимни музокира ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Сипас раиси ташкилот ва котиби он аз нав интихоб карда шуданд.

Дар рафти ҷаласа собиқадори фаъоли ҲХДТ  Абдуллоев С баромад намуда, қайд карданд, ки ҲХДТ барои рушди нерӯи инсонӣ, тарбияи шахсияти худогоҳу  ватандуст  ва босадоқат дар сафи ҳизб аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, дар таҳкими рушду неруи  ҷомеа тавассути аъзоёни худ саҳм мегузоранд.

Аз руйи масъалаи сеюм аъзоен номзадии Нуриен Амирҷон-раиси ташкилоти ибтидоӣ, Султонов О -муовини директор, Ботирова З – вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Юлчизода Г – масъули ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ ҳамчун   вакил ба Конфренсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом интихоб гардиданд. Қарорҳои дахлдор оид ба масъалаҳои баррасишуда қабул карда шуд.

Дар фарҷом муовини раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом  суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои сиёсии ҳизбӣ: баланд бардоштани масъулияти аъзоёни ҳизб, содиқ будан ба Ватану миллат, нақши ҲХДТ дар идораи сиёсии давлат, саодат ба миллат ва вусъат бахшидан ба тарғиби идеологияи миллӣ дар ҷомеа андешаронӣ намуданд. 

Ҳамчунин, ба якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Алиев Сипосномаҳои КИШ ҲХДТ  тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *