Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи Ғалчамулло аз фаъолияти яксолааш натиҷабардорӣ намуд

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом санаи 4уми июли соли ҷорӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи Ғалчамулло баргузор гардид, ки дар он намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок дошт.

Мувофиқи масъалаи дар рузномабуда сараввал раиси ташкилот Икромов Ҳотамбой оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот пешкаш намуд. Фаъолияти ташкилоти ибтидоии зерин дар давраи 1.06.2021 то 1.06.2022 аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа қаноатманд ҳисобида шуд. Аз руйи масъалаи дуюм раиси ташкилот ва котиби он интихоб карда шуд.

Баъдан аз тарафи шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ номзадии ду нафар аъзоёни ташкилоти зерин ҳамчун вакил ба Конфренсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод карда шуд. Пешниҳоди зайл ҷонибдорӣ ва тасдиқ карда шуд. Аз руйи се масъала маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар поёни ҷаласа намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ суханронӣ намуда, аз аъзоёни ташкилот даъват ба амал овард, ки баҳри пешрафт ва беҳбудии фаъолияти ҲХДТ ҳиссаи арзандаи худро гузоранд . Ҳамчунин ҳуҷраи ташкилоти ибтидоӣ, фаъолияти корӣ ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ омухта шуда, тавсияҳои методӣ дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *