Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Терроризм ва экстремизм – хатарои глобалии ҷаҳонӣ

Мо , ҷавонони Ватан созандаем ,Дӯстдори давлати пояндаем.Шукри Итиқлоли кишвар , шукр СулҳШукри ҳақ , ки бо лаби пурхандаем.Яке аз мушкилиҳои глобалии ҷаҳон , ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст , экстремизм , терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарнок мебошад . Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида , шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд , ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақоиди динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбониёни терроризм дар ин ё он минтақа , асосан , ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ , ҷавононро мебояд , ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омилу мақсади шахсони ифроткор ва гурӯҳҳои терроризмиро омӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш намоянд , то сулҳ , ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Ба ақидаи ман , имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе , ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст , терроризм ва ифротгароӣ аст. Ин ду падида яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор мераванд , зеро боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ , расонидани зарари вазнин , бенизомӣ , тағйироти сохти конститутсионӣ дар мамлакат , ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он , барангехтани низои миллӣ , иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд :”Мубориза бо терроризм ва экстримизм фароҳам овардани фазои боварӣ , эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”Терроризмро аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин шарҳ додан мумкин аст , ки ин амалиётҳо содир намудани амалҳое мебошанд , ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд , истифодаи он мақсади бартараф кардани рақибони сиёсӣ , вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ , тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Якум , вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад , ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад.Дуюм , барои ҳокимият мубориза бурда мешавад. Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст , ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият , халалдор кардани Истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст , ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.Хушбахтона, 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ прокурори генералии ҶТ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуд ва фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд .Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат , Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири ин масъала , ки дарди рӯз аст , чунин иброз менамоянд : “ Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда , барои башарият на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст .”Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан , арзишҳои муқаддастарини давлату давлатлориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз , ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ , ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ , маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Ислом ба зоти худ надорад айбе ,Ҳар айб , ки ҳаст , дар мусулмонии мост .Баротова Дилдора узви ТЧЧ” Созандагони Ватан “

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *