Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ТОҶИКИСТОН, БО НУРИ РАҲМОНӢ БА ПЕШ!

“Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост.”

                                                                                                       Э.Раҳмон

Дар қиссаи Ҳазрати Нуҳ Алайҳиссаломи “Қасас-ул-анбиё” омадааст: Нуҳ алайҳиссалом бо хости Ҷабраил (а), ки вай аз биҳишт як шохи дарахтеро оварда ба ӯ месупорад, ба замин мешинонад ва 40 сол нигоҳубин мекунад. Баъдан бо нишондоди Ҷабраил (а) дуредгарӣ омӯхта аз дарахти парваридааш киштие месозад… Рӯзе мерасад, ки аз осмон оби ҷӯшон мерезаду аз замин оби сард ҷӯшида мебарояд. Нуҳ алайҳиссалом ба даруни киштӣ ҳамаи лавозимоти заруриро бо нияти оянда захира мекунад. Ниҳоят киштӣ дар рӯи об шино карда аз офат эмин мемонанд.

 Баъди шаш моҳ замин обро фурӯ бурда (бо хости Худо) осмон аз боридан бозмемонад: Он гаҳ Ҷабраил (а) биёмад ва ҳафт дари об барканду бияфшурд ва ҳафт дарё бар рӯи замин пайдо шуд. Об ба дарёҳо ҷорӣ шуд.

Ин ҷо идомаи ривоятро як сӯ монда чун як зани оддиву ба ҳақиқат қоилшуда гуфтаниам, ки Пешвои мо низ Худоназаркардаанд. Илоҳо ба Пешвои миллат Худованд умри Нуҳро насиб гардонад, ки 1400 сол зиндагӣ карда будаанд. Агар ӯ (Нуҳ) дар киштӣ номгӯи лавозимоти оламро нигоҳ намедошт, шояд дунёи имрӯзаи мо пайдо намешуд…

Дарёи Вахши пурталотуми вирди забони ҷаҳониёнгашта низ яке аз он ҳафт дарёҳои бузурги дунёст, ки алҳол дар он бузургтарин иншооти гидротехникии барқии Роғун бунёд гардида истодааст, ки диққати аҳли ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.

Вахшрову мардуми заҳматкаши тоҷикро ба дунё муаррифӣ кардан низ бурди Пешвост. Ҳамаи  он тухмиву меваву зоти паррандаву чаррандаҳо низ бо шарофати Нуҳ алайҳиссалом зеби дунёи имрӯза аст.

Аз он рӯзе, ки Э.Раҳмон ба сари давлат омаданд, яке аз мақсадҳояшон аз он иборат буд, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати аз ҷиҳати энергетикӣ ва кишоварзиву саноатӣ пешрафта гардонида, бо тамоми ҷаҳониён муносибатҳои иқтисодиву фарҳангиро мустаҳкам намоянд. Бо баробари халқи тоҷик мардуми кишварҳои дуру наздик аз он баҳравар гардида, замони хушксолиҳо аз миён бардошта мешавад.

Ин ҳама бо такя ба иншооти тақдирсози Роғун ба нафъи кулли минтақа аст. Бо баробари пурра ба истифода додани НБО Роғун аз сарвати бойи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати экологӣ безарару манфиатбахш аст, давлатҳои зиёде баҳра бурда содироти он пеш меравад. Муждаҳои аввалини ин амалишавии ниятҳоямонро аллакай эҳсос карда истодаем.

Як қатор шоирони классикии тоҷику форс ба монанди Н.Ганҷавӣ, А.Ҷомӣ орзую ормони мардуми лабташнаро дар назар дошта дар симои қаҳрамононашон Фарҳоди кӯҳкан ҷавонмарди тавоно, қавипайкару меҳанпарвар, дар ишқ пойдору вафодор, далеру нотарсро офаридаанд.

Дар ҳамон замон низ дар образи Ширин муаллифон бонуи шуҷоъ, дар муҳаббат бовафо, оне,ки Фарҳодро танҳо барои аз ӯҳдаи қавлаш баромадаву кӯҳро шикоф карда заминҳои лабташнаро сероб гардониданаш дӯст медорад, ба қалам додаанд.

Имрӯз он орзуҳо ҷомаи амал пӯшид. Ин маҳз бо ҷасорату иродаи қавии Пешвои миллат – Э.Раҳмон аст, ки ҳазорҳо Фарҳодҳои даврони Истиқлолият пеши дарёи шӯху саркаши Вахшро гирифтаву Тоҷикистонро нурборон намуда истодаанд.

Ин ҷо мехоҳам ба оғози навиштаҳоям, ки маҳз Нуҳ алайҳиссалом дар рӯи замини аз нав арзи ҳастӣ намуда ҳаёт бахшид, Иблиси лаин бо ҳар гуна ҳила ба киштӣ ҷо шуда хостаҳои Нуҳро барбод додан мехост. Имрӯз ҳам  иблисҳои одамсурат дар дохилу хориҷ пешрафту тараққиёти Тоҷикистонро дидан намехоҳанд. Шукр, ки чунин дӯзахиҳо ба мақсадҳои нопоки худ расида наметавонанд. Мардуми имрӯза дирӯза нест! Мақсад як аст. Халқи тоҷик тавоно гашт. Ба найрангҳои дасисабозон ҷавоби муносиб дода метавонад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Э.Раҳмон дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ манзур карданд, ки мӯшикофона ҳуҷҷатҳои сохтмони НБО Роғунро дидаву таҳлил намуда баҳогузорӣ намоянд. Ин ҳуҷҷат аз назари аҳли ҷаҳон тасдиқ ва маъқул шуморида шуд. Ва минбаъд ин истиқбол эътибори ҷаҳонӣ пайдо кард.

Мо бо фахр имрӯз гуфта метавонем, ки ин нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки минбаъд ҳазорҳо гектар заминҳои ташналаб саршор аз об гардида, кишвари мо аз ҷиҳати энержӣ ва хоҷагии қишлоқ, саноат пешрафта мегардад.

Аз хурдӣ орзу доштам, ки муҳандис-сохтмончӣ мешавам. Вале …

Ҳоло дил ҷӯш мезанад. Кош ҷавон мебудаму дар сохтмони НБО “Роғун” саҳм мегузоштам. Ақалан корзори воқеии ҷавонони Фарҳодсифати даврони Истиқлолиятро дидаву ояндаи дурахшони Ватанам – Тоҷикистонро пеши назар меовардам. Ҳамчун уқоби баландпарвози минтақаи ҳарбу зарби диловарони арсаи меҳнатро аз фазо тамошо мекардам. Агар як солаке барои созандагони НБО Роғун дар муҳайё сохтани ғизоҳояшон саҳм мегузоштам, қаҳрамониҳояшонро аз наздик ошно шуда шояд ягон маводе омохта месохтам, ки хотира монад.

Вале ҳоло раванди бунёди ин иншооти бузурги асрро дида истода бо ифтихор ба ваҷд омада мегӯям:

Бо нури РАҲМОНӢ ба пеш, Тоҷикистон!

Рафоат Инъомӣ- омӯзгори коллеҷи омӯзгории ба номи М.Турсунзодаи ш.Конибодом, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *