Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Фарҳангиёни шаҳри Конибодом фаъолияташонро натиҷагирӣ намуданд.

Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии “Бахши фарҳанг”-и шаҳр бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Боӣоҷонзода Азимҷон Тоир баргузор гардид.

Дар оғоз ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳасанов Бахтиёр ба самъи ҳозирин расонида шуда, бобати татбиқи созандаи ҲХДТ ва ҷиҳати ҳамкориҳо бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом андешаронӣ намуд.

Собиқадори соҳа Нуруллоева М ба музокира баромада, фаъолияти ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуд.Мавзуф афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ташкилоти ибтидоии зерин 25нафар кормандони ҷавон ба сафи узви ҲХДТ пазируфта шуда, дар умум ин шумора 194 нафар расонида шуд.

Ҳамчунин Қосимов О аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии мазкур андешаҳояшро бобати сиёсати ҲХДТ ва шахсан раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт. Оиди масъалаи дуюм раиси ташкилоти ибтидоӣ ва котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд. Аз руйи масъалаи сеюми рузнома мутахассиси бахши фарҳанг Маҳмудов Б аз нлми кулли фарҳангчиён барои иштирок дар Конфренсияи 26уми ҲХДТ ба ҳайси вакил номзадии

Ҳасанов Б

Юнусова И

Норбоев М

Сулаймонова Д

Исмоилова М

Ортиқов Ш-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз руйи масъалаҳои ҷорӣ : ободонӣ ва хуррамгардонии шаҳр, тозагии атроф, омодасозии оҳангу сурудҳои мазмуни ватанхоҳонадошта ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳасанов Б бори дигар баромад намуд.

Дар фарҷом раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, шумори сифатноки аъзои ҲХДТ дар ташкилоти мазкур, ҷоннок

намудани рафти хонишҳои сиёсӣ дар ташкилот, бобати вазъи геополитикии ҷомеаи муосир , расидан ба қадри истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилӣ андешаҳояшро баён дошта,саҳми фарҳангиёнро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.

Фаъолони соҳа бо Сипосномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ қадршиносӣ карда шуданд.

Ҳамчунин сафи ҳизбиён аз ҳисоби фарҳангиени ҷавони шаҳр афзун гардида, ба чанде аз онҳо шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *