Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: “ХИЗМАТ БА ВАТАН МАКТАБИ ҶАВОНМАРДИСТ”

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ , рузи Артиш . Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз давлатҳое мебошад ,ки  Артиши Миллии худро таъсис дода буд. Оромиву осудагии худро фароҳам овард .Дар солҳои аввалини таъсисёбӣ вазъият дар ин самт душвор буд .Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб  ба чашм намерасид  .Хушбахтона
имрӯз  Артиши Миллии Ҷумҳурии мо ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда,ба сӯи қуллаҳои баланд ҳаракат мекунад.Дар тӯли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид,  онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан   ғайриимкон аст.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ин самт назари махсус  зоҳир намуда ,рушди Қувваҳои Мусаллаҳро  пояи асосии давдатдорӣ меҳисобад .
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки  Худованд барои мо ато кардааст  .Ватан ин модари мост. Гузаштагони бузурги мо тавонистанд , ки бо қалами худ тарзи ватандустиву ватанпарастии худро баён намоянд .Инчунин, шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфи умри худро то дами марг  барои  ватан дареғ надоштааст, чуноне , ки гуфтааст:
Қалам ба даст бигирам ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама  пештар Ватан гуяд.
Ҳадаф аз иншои чунин мисраъҳо  дар дили ҷавонону наврасон бедор намудани  ҳисси ватандӯстӣ мебошад.Аз ин рӯ мо вазифадорем , ки ҳар қатраи хоки Ватанамонро эҳтиёт намуда, онро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.
Хизмат дар сафи Артиши Миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадории муқаддас буданашро  Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эълон менамояд.Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ҲИФЗИ ВАТАН , ҲИМОЯИ МАНФИАТИ ДАВЛАТ ,ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ , АМНИЯТ ВА ИҚТИДОРИ МУДОФИАВИИ ОН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ШАҲРВАНД АСТ .ТАРТИБИ ҲИЗМАТИ ҲАРБИРО ҚОНУН МУАЙЯН МЕКУНАД  “
Бояд дарк намоем , ки хизмат ба ВАТАН мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаб мардонагиро омузем ва омузонем .

Хоҷиев М
узви ТҶҶ Созандагони Ватан  дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *