Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФУ МАРДОНАГИСТ!

Ҷиҳати  пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва баҳри  бедор намудани ҳисси баланди ватандустиву хештаншиносии ҷавонон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом як қатор мулоқоту вохуриҳо бо ҷавонон ва волидайни онҳо роҳандозӣ менамояд.

  Мулоқоти навбатӣ бо аскари захиравӣ- Абдуҳамидов Искандархон, ки рузҳои наздик сарбаландона аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ баргаштааст, баргузор гардид. Дар мулоқоти зайл аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Гулнора Урунова иштирок доштанд. Аскари захиравӣ оид ба шароитҳои қисми низомӣ ба ҷавонон нақлҳо карда, иброз дошт,ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ барояш шараф буд. Дар рафти суҳбат ҷавонон ба саволҳои хеш посухҳо гирифтанд.

Дар фарҷом ба волидони сарбоз туҳфаи хотиравӣ ва Раҳматномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тақдим карда шуд.

 Суратгузориш аз рафти мулоқот:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *