Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Хоинон ватандорӣ надонанд

Дар замони имрӯза терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб намуда, дар тамоми ҷаҳон домана густурдааст. Ин падидаи хатарзо барои башарият таҳдиду хатарҳои нав ба навро бо тобишҳои гуногун зоҳир менамоянд.Низоми ҷаҳони муосир дар ҳоле қарор дорад, ки манофе сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву геополитикӣ дар ҳоли бахӯрд қарор дорад.

ТТЭ ҲНИ, ки дар сафи он ватанфурӯшони берӯ қарор доранд,барои нигоҳ доштани мавқеи хеш нишастҳо ташкил намуда, мехоҳанд, кирдорҳои ифротгароёнаи худро чун дилсӯзӣ ба халқ нишон диҳанд.Ғофил аз онанд, ки халқи тоҷик кайҳо аз риёкориву нияти нопоки онҳо огоҳанд ва дигар гӯш ба ҳарфашон намедиҳанд.Чун рӯзи равшан аст, ки сарвари онҳо Муҳиддин Кабирӣ бо тарафдорониифротиаш берун аз марзи ватан сӯи сарзамине, ки ӯро дар оғӯшаш камол бахшида,обу нон додааст,санги хиёнат меандозад.Бо ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ташкилотҳои ифротгаро ҳамкори намуда, паи халал расонидани оромии кишвар аст, чун ки кабириҳо ба ҷуз хоҷагони худхоҳи хориҷиаш дигар дастгиреву паноҳдиҳандае нест ва хоинон ватандорӣ чист, надонанд.Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳар як фарзанди баору номуси он мубориза бар зидди ин ватанфурӯшон ва дигар ҳизбуҳаракатҳои террористонро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд.Халқи тоҷик ба арзишҳои далату миллати хеш эҳтиром дорад ва онро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳад кард.

Фотима Латипова, аъзои ҲХДТ аз шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *