Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ХОНИШИ СИЁСӢ

Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни ҷавонписарони муассисаҳои таълимии шаҳр дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ва бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ дар ниҳоди онҳо санаи 13.12.2022 масъулини кумитаи иҷроияи шаҳр бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии №20 ва №35 хониши сиёсӣ роҳандозӣ намуданд. Дар мулоқоти мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрӣ бо хонандагон суҳбати озод ороста истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро арзиши волотарин маънидод намуд. Мавсуф афзуд, ки тамоми дастовардҳои мо маҳз аз истиқлол ва ваҳдат сарчашма мегирад ва ба қадри ин неъмати бебаҳо бояд ҳамеша расидагӣ кунем.

 Зикр шуд, ки маҳз тавассути ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа мо ба тамоми ҳадафҳои худ расида, бо нерӯи созандагию бунёдкорӣ Тоҷикистони азизи худро дар қатори кишварҳои пешрафта муаррифӣ намуда метавонем.

   Ҳамчун бобати бамаврид истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *