Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Хоруғ Порае Аз Ҷони Мост!

Рузи гузашта тариқи расонаҳои иттилоотӣ маълумот пайдо намудам, ки як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ аз нофаҳмиву нобоварӣ даст ба амалҳои нопок зада,оромии ҷомеаро халалдор намуданд.

Мусаллам аст, ки аз ин амалҳои ҷавононе, ки ин ҳама оромию осоиштагиро нодида гирифта, як гӯшаи зебову осоиштаи кишварро халалдор сохта истодаанд, фориғ аз онанд, ки ҳоло аз ин ҳолати кор душманону нотавонбинони миллати мо хушҳол гардида, лаззат мебаранд. Касе намехоҳад, ки дар ин вилоят бесуботӣ ҳукмрон бошад.

Аз шинохте ки аз мардуми Бадахшон, хусусан шаҳри Хоруғ дорам, бароям муаммост, ки чи қадар инсонҳои бофарҳангу бомаърифат дорад.

Авбош ҳамонест,ки на парвои миллат дорад ва таҷриба нишон медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ худиву бегона намешавад. Авбош бо такя ба ҷаҳонбинии яксӯбинона ҳама вақт дар пайи ҳадафҳои ғаразнок ҳаст.

Бадахшон дар замони Истиқлоли давлатӣ ва аз файзу баракати сулҳу оромӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Тамоюли ватандӯстӣ дар қалби бадахшониҳо нақши азалӣ дорад. Фарҳанги миллӣ, суннатҳои миллӣ, хӯрокҳои миллӣ ва расму оинҳои миллӣ дар рафтор ва гуфтори ҳар як бадахшонӣ эҳсос мешавад. Тарбияи наврасон ва ҷавонон дар ин рӯҳияи ҳаётафзо дар Бадахшон, ки минтақаи сарҳадӣ аст, хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Мо бояд донем, ки дар ягон давру замон ҷинояту ҷинояткор бе ҷазо намемонад, дер ё зуд ҳар як ҷинояткор ҷазои сазовори худро мегирад. Мо талош намоем, ки миёни ҳамон гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки имрӯз фарзандони мову шуморо маҳви амалҳои касифонаи худ карда истодаанд, фарзандони мо набошанд

Падару модарони азизи Бадахшонӣ мо бояд аз ҳамсоякишварҳои худ, ки зери зулму асорати ифротию аҷнабӣ, зулму торикӣ, ҷаҳолату истисмор қарор доранд хулосабарорӣ намоем ва амал намоем. Ба зиндагӣ бо назари нек нигаристан, шукронаи оромии кишвар кардан ва ҳар гушаи ватанро обод намудан аз беҳтарин амалҳои инсонист. Ва умед дорем,ки насли ояндасози Шумо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ истиқлолу озодии Ватанамонро ҳифз мекунанд.Ва баҳри пояндагии ваҳдату субот ва ҳифзи Ватан содиқонаву софдилона ҳиммат мебанданд.

Зеро Хоруғ низ порае аз ҷони мост!

Ҷовидон бод, якдигарфаҳмӣ дар Бадахшон!

ПОЯНДА БОД, СУЛҲУ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН!

Фируза Шерматова – муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *