Субҳи 7-уми июл тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо мақсади пешгирии хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии коронавирус аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Худ ва наздиконро ҳифз менамоем” дар бозори марказии шаҳр ва мавзеъҳои серодам ба роҳ монда шуд. Зимни аксияи мазкур бо истифода аз баландгӯяк доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, аз мардум даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани солимии худ ва наздикону пайвандон бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҷиддан ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд ва дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои бемории мазкур ба мутахассисони соҳа муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, дар ин самт муроҷиатномаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ва маводҳои тарғиботиву варақаҳои ахборотӣ ба сокинон тақсим ва ба ҷойҳои серодам насб карда шуд.
Рубрики