Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: ЧОРАБИНИИ ИДОНА

Санаи 1-уми июни соли ҷорӣ дар доираи силсилаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар ташкилоти ибтидоии «Дурахшон»-и шаҳри Конибодом чорабинии идона доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳр Ғафурзода Зарринахон ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ширкат варзиданд.

Чорабиниро мудири кӯдакистони №15 Нурматова Розия ифтитоҳ бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Баъдан, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумиҷроияи шаҳрии ҳизб кӯдаконро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуданд. Масъулин зимни суханронии худ доир ба ғамхориву тадбирҳои андешидашудаи саривақтии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид нисбат ба ин насли ояндасози миллат ибрози афкор намуданд.

Барномаи фарҳангии аз тарафи тарбиятгирандагони кӯдакистон омода гардида, ки фарогири шеъру сурудҳо ва рақсу буд , хеле хотирмон баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *