Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ШАРҲИ ПАЁМ: МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

    Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат имрӯзҳо мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси Намоядагон бо интихобкунандагон дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишварамон ҷараён дорад.

       Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мулоқоти вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии Конибодом -19 Раҷабзода Равшан Муҳиддин бо намояндагони касбу кори гуногун ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.

   Мулоқотро бо суханҳои ифтитоҳӣ Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ҳусни оғоз бахшида, нахуст дар бораи Паёми солонаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва паҳлӯҳои таконбахшандаи он дар фаъолияти тамоми соҳаҳо гуфта  гузашт.

     Сипас Раҷабзода Р.М. оид ба ҳар як дастуру супоришоти дар Паём ироагардидаи Роҳбари давлат  бо шарҳу тавзеҳоти васеъ ва таҳлилҳои оморӣ маълумоти муфассаал дод. Қайд карда шуд, ки дар Паёми сарвари давлат асосан ғамхорӣ ба самти иҷтимоии кишвар, маорифу тандурустӣ, нафақаи пиронсолону маъюбон, твъминот бо ҷои корӣ тавассути таъсиси корхонаҳои саноатӣ, кам гардидани сатҳи камбизоатӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа дар панҷ соли охир мавриди таълилу баррасии мӯҳтарам Пешвои миллат қарор гирифт. Раҷабзода Р.М. дар мавриди ҳар як масъалаи муҳими дар Паём қайдгардида ва аҳамияти он ба шаҳрвандон дар баромади хеш шарҳ дод.

      Баъдан чанде аз иштирокдорон ба вакил саволҳо пешниҳод карда, посухҳо гирифтанд.

     Раиси шаҳр ҳамчунин ба тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати иҷрои дастурҳои созандаи дар Паём ироанамудаи Пешвои миллат супоришҳо дод.

     Гузаронидани чунин мулоқоту вохӯриҳо дар партави Паёми Пешвои миллат дар шаҳрамон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *