Дар муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Конибодом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳр байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба муносибати 29 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии шоҳмот ташкил карда шуд.
Дар кушодашавии мусобиқа мудири шӯъбаи ташкилии КИШ ҲХДТ Ҳоҷиев Ф ва мушовири Раёсати маориф Сулаймонов А суханронӣ намуда, мусобиқаро пеш аз ҳама барои мустаҳкамии дӯстии байниҳамдигарӣ ва иқдоми хубу саривақтӣ донистанд ва ба иштирокчиён муваффақият орзу намуданд.
Сипас тибқи қуръапартоӣ мусобиқа шуруъ гардид.