Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Шукрона бояд кард!

Вазъи кунуниву ҷаҳониву даргириҳо байни кишварҳои абарқудрат касеро бетараф намегузорад. Чун ба умеди огаҳӣ аз навидҳо ба телевизион дида медӯзӣ, ҳамоно хабарҳои шуму тарконидани иншооти ҳаётан муҳим, маргу мири мардуми бегуноҳ ва даҳҳо харобкориҳо мутаассифона табъатро хира мекунад. Аламовараш он аст, ки аз ин бозиҳои сиёсӣ садҳо мардуми оддӣ ҷон бохтанду қурбони ноадолатиҳо мешаванд. Хуни инсонҳои бегуноҳ рехта, аз ин ҷанг дар хотироти ҷавонону кӯдакон даҳшату ваҳшоният, бераҳмиву золимӣ ва нафрат нақш хоҳад баст. Дил ба ҳоли тамоми мардуми ин кишвар месӯзаду менолад, ки қурбони бозиҳои сиёсии кишварҳои худхоҳ гаштаанд.

Бо дидани чунин манзараҳои ваҳшатангез ғамгин мешавему дар фазои осуда сар ба болин ниҳода, шукрона мекунем, ки Ватанамон амн асту шаб ба роҳат мехобем. Ба қадри ин осоиштагӣ бояд расид ва онро бо ҳар роҳу васила бояд нигоҳ дошт. Шермардони матини диёр бояд ҳар лаҳза ба ҳифзи он тайёр бошанду ҷавонони боиродаву боимон дар хидмати Ватан рӯзу шаб ҳозир. Фазои орому марзу буми меҳани хешро ҳимоятгар бошанд.

Ҳилола Ҷӯраева

вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *