АНДЕЗИНА: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафарест, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба дӯш гирифта, бо талошу иродаи бемисли худ бар зидди нобудии давлат ва парешонии миллат истодагарӣ намуда, барои давлатдории навини мо асос гузошт. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва корнамоиҳои бемисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки то имрӯз ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд, соҳиб гардид.
Бо таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти сиёсии ин абармарди миллат метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони асили бурунмарзӣ ба Пешвои миллати худ муҳтарам Эмомали Раҳмон, маҳз дар талош ва ҷонсупурдагиҳои бемисли ин шахсияти таърихӣ дар роҳи эъмори давлатдории миллӣ мебошад.
Ҳамзамон таъкид намудан лозим аст, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи як миллату давлат маҳдуд набуда, балки фарогири ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Барои мисол мо метавонем аз чанд масъалаи муҳим, аз ҷумлаи ҳимояи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ, пешниҳоди ҳалли масъалаи об дар сайёраи инсонӣ, пешгирии хатари интишори терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шавем.Ҳоло бошад, сарфи назар аз ҳама таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамоянд.
Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аз чунин шахсиятҳои таърихи башарият аст, ки маҳз бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати хастанопазир ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург то ба шахсияте расидааст, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи се даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ў сахт марбут аст.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати мо ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон дар ҷаҳон мақом ва обрўи хосаро соҳиб буда, дар ин асно бо даҳҳо унвонҳои фахриву ҷоизаҳои сатҳи байналмиллалӣ шарафёб гардидаанд, ки аз ҳама маъруфтаринаш эътироф гардидани лидерии сиёсии қарни ХХ1 ва ба ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият мушарраф гардидани ин фарзанди фарзонаи миллат аст.
Муҳаққиқони ватанӣ имрӯз фаъолияти сиёсии Пешвои миллатро омӯхта, хизматҳои ӯро дар ҳаққи миллати тоҷик бо хизматҳои бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ дар як радиф медонанд. Агар Исмоили Сомонӣ давлати Сомониёнро бунёд гузоштаву миллати тоҷикро муттаҳид сохта бошад, баъд аз ҳазор сол ҳамин иқдомро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиёда намуд ва давлати тозаистиқлоли моро ҳифз ва миллати парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ сохт. Маҳз ҳамин хизматҳои бемисли ин шахс буд, ки имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмўъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон, пешвои эътирофшудаи умумиллӣ ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ менигаранд.
Маҳз чунин хизматҳои бемисли Пешвои миллат ва маҳбубияти беандоза доштани ӯ боис гардид, ки дар маъракаи муҳими сиёс- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигарбора ба бовариву эътимоди қавии мардуми шарифи кишвар шарафёб гардид ва зимоми давлатдории минбаъдаи мамлакати мо ба дӯши ин марди сиёсат ва фарзанди фарзонаи миллат вогузошта шуд.
Дар ин ҷода Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун дастоварди муҳимтарини Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 27 соли қадами устувор дар арсаи сиёсат мавқеи махсус дошта, дар рушди босуботи Тоҷикистони навин нақши муассир дорад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки таърихи давлатдории навини миллати мо ва тамоми дастоварду муваффақиятҳои халқамон давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ бевосита бо ном ва фаъолияти Пешвои маҳбуби миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳанг аст.
БОБОҶОНЗОДА АЗИМҶОН ТОИР –
раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом