Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Шўъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ дар назди Варзишгоҳи марказии шаҳр бо назардошти он, ки корҷӯяндагон дар онҷо ҷамъ мешаванд, ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ярмаркаи мазкур масъулини ташкилоту муассисаҳо бо пешниҳоди 151 ҷойҳои нави кории холӣ иштирок намуданд.

Ҳамчунин аз дигар ширкатҳо низ ҷойҳои нави корӣ ба монанди Неругоҳи барқи обии Роғун ҷойҳои нави кори пешниҳод шуда буданд, ки намояндаи КИШ ҲХДТ доир ба фаъолияти кории нерӯгоҳ шинос намуд.

Бояд қайд намоем, дар ин ярмарка шумораи зиёди корҷӯяндагон ширкат варзиданд ва маълумот гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *