Санаи 13-уми майи соли ҷорӣ тибқи барқияи воридотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 10.05.2022 таҳти рақами 34 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо шўъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр бахшида ба рўзи Ҷавонон дар маркази шаҳр ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ташкил карданд,ки дар он масъулини 21 ташкилоту муассисаҳо ба корҷӯён беш аз 120 ҷойҳои нави кории холӣ пешниҳод карданд.
Бояд қайд намоем, ки дар ярмарка шумораи зиёди сокинони шаҳр аз ҷумла корҷуён ширкат варзиданд.
Инчунин корҷуёне, ки ихтисос надоштанд, ба касбомўзӣ ба муассисаи таълими калонсолон ҷалб карда шуданд.