Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД” ДАР АМАЛ

    Дар ҳошияи мулоқоту вохӯриҳо ва нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба татбиқи Қонунҳои милии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини кумиҷроияи шаҳрӣ бо омӯзгорони муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 1 мулоқот оростанд. Зимни мулоқоти зикргардида масъули кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бобати мазмуни асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро шарҳ дода, зикр доштанд, ки ӯҳдадории падару модар аз он иборат аст, ки онҳо бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд ва тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, ки фарзандонашон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул бошанд. Ҳамчунин масъулин қайд намуданд, ки ба тарбияи насли наврасу ҷавон бо масъулияти баланд муносибат намоем, фаъолиятро ба талаботи замони имрӯзаи рушди илму техника мутобиқ намоем ва ҷиҳати тарбия кардану ба камол расонидани насли созандаву бофарҳанг, ватанпарвару меҳнатдӯст ва босаводу соҳибкасб аз ҳарвақта дида бештар азму талош намоем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки тарбияи дурусти насли ҷавон вазифаи аслии мост.

 Дар фарҷоми мулоқот якчанд нафар омӯзгорони ҷавони муассисаи номбурда ба сафи ҲХДТ қабул гардида, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *