Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Ҳамоиши ҷавонон дар партави Паём

                          

Санаи 19.01.2022 дар толори МИҲД-и шаҳри Конибодом ҳамоиши ҷавонони гурӯҳи “Авангард” таҳти унвони “Паёми Пешво-раҳнамои босаодат ба сӯи фардо” дар ҳамкорӣ ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом баргузор гардид. Ҳамоиш бо хониши умумии Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардид.

Дар кори ҳамоиш муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом подполковники милитсия Шарифзода Фаридун Умаралӣ ва муовини Раиси шаҳр муҳтарам Ғафурзода Зарринахон иштирок намуданд. Муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом подполковники милитсия Шарифзода Фаридун Умаралӣ дар баромади худ вобаста ба масъалаҳои ҷинояткорӣ байни ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ин қишри афзалиятноки ҷомеа сухан ронда, ҷавононро барои пайрави асил будан ба Пешвои муаззами миллат, дӯст доштани Ватан, содиқона хизмат намудан бар он ва арҷгузорӣ ба арзишҳои даврони Истиқлол раҳнамоӣ намуд.

Дар ҳамоиш вакили ҷавон ,узви фаъоли ҲХДТ Ғафурҷон Баротов, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова, хатмкардаи курси захираи кадрии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, табиби ҷавон Ҳусеншо Бобоҷонов, омӯзгори ҷавон Гулмира Мирзозода вобаста ба самтҳои Паёми тозаирои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баромад намуданд. Ҳамчунин, сархатиби шаҳр Аббосхон Аброров суханронӣ карда, вобаста ба масъалаи терроризм ва ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир андешаҳои худро иброз намуд.

Муовини Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зарринахон Ғафурзода зимни баромади худ аз ташаббусу иқдомҳои Ҳукумати кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар гардид.  Дар фарҷом як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Конибодом бо Сипосномаҳо сарфароз карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *