Дар аксари баромадҳои худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хусуси ҳушёрии сиёсии шаҳрвандон ҳарф мезананд. Ин муроҷиатҳо моро водор месозад, ки вазъи ба амаломадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ , рӯйдодҳои наздисарҳадӣ ва бадгӯиҳои мухолифини тоҷикро дар кишварҳои хориҷа ба риштаи таҳлил кашем ва хулосаи амиқ ҳосил намоем.
Баъзе аз рӯйдодҳои рӯзҳои охир моро ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи ҷавонон, яъне сиёҳро аз сафед фарқ кардани онон таваҷҷӯҳ намоем. Ҳадафи асосии душманони миллати тоҷик-раҳбарону ҷонибдорони фурӯхташудаи ҲНИ ноором кардани вазъи сиёсии кишвар, рахна задан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд ва чунин боқӣ мондааст.
Давоми беш аз сӣ сол онҳо наметавонанд ин амали нопоки хешро амалӣ созанд. Зеро дар Тоҷикистони ободу озод ваҳдати миллӣ пойдор буда, имрӯз сокинони шарафмандаш дӯсту душмани худро метавонанд хуб фарқ намоянд.
Дар конфронси солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), ки аз 26 сентябр то 7 октябр дар шаҳри Варшава доир гардид, намояндагони аксарияти давлатҳо, аз ҷумла, Русия, Туркия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва ғайраҳо бинобар бовариро аз даст додани ин созмон аз иштирок худдорӣ карданд. Бо истифода аз чунин фурсати муносиб намояндагони созмонҳои экстремистиву террористии “Гуруҳи 24”, “ТТЭ ҲНИ” ва дигар ташкилотҳои ифротгаро ширкат варзиданд, ки хилофи талаботи Оинномаи САҲА буд. Назҳатиён ошкоро дурӯғҳои бемислро баён намуда, ҳамонон ба ватану миллати худ хиёнат намуданд. Ҳодисаҳои Бадахшонро ба манфиати худ шарҳ дода, афкори ҷаҳониро ба гумроҳӣ бурданӣ шуданд. Барои соҳиб шудан ба маблағҳои хоҷагони худ ва сарпаноҳ ёфтан дар Аврупо манфиатҳои миллиро фурӯхта, ба ҳама гуна хиёнаткорӣ омода будани хешро намоиш доданд.
Ин ватанфурӯшон, ки ҳама арзишҳои имонии худро кайҳо фурӯхтаанду назди мардуми сарбаланди тоҷик ҳеҷ қадре надоранд, то ҳанӯз гумон мекунанд, ки ба мақсад мерасанд. Имрӯз хурду бузурги кишвар чеҳраи манфури онон ва ҳадафҳои нопоки сиёсиашонро чашми дидан надоранд ва ба ҳарзагӯиҳои ин ватанфурӯшон заррае ҳам эътибор намедиҳанд.
Шарифахон Собирова –
Омӯзгори коллеҷи тиббӣ,
узви ҲХДТ дар шаҳри Конибодом