Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Ҳифзи ҷавонон – ҳифзи миллат аст

“Ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ба масъала таъмини амнияти кишварамон диққаи аввалиндараҷа диҳем.Зеро пайравони

созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат , бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”,зикр гардид дар Паёми имсолаи Пешвоимуаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Терроризм сарҳад надорад. Аз ин ҷост, ки ин зуҳуроти номатлуб марзҳоро убур намуда, муаммои ҷаҳонӣ гашта, дар ҳар гӯшаи дунё боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, зуроварӣ, расонидани зарарҳои равонию ҷисмонӣ, таҷовуз, бенизомӣ, ғасби ҳокимият ва низоъҳои миллию иҷтимоӣ мегардад. Рушди техникаву пайдоиши интернет барои террористон имконият фароҳам овардааст, ки тариқи шабакаҳои гуногун ақидаҳои бардурӯғи худро паҳн намуда, дар дили нафарони гумроҳу сустирода тухми кинаю адоват, бадбинӣ бикоранд, ба ҷавонон доми фано гузоранд. Зеро гаравидани ҷавонон ба чунин гуруҳҳо хатарест ба ҳаёти худу наздиконаш ва тамоми ҷаҳониён. Ояндаи ин нафарон ҷуз ғуломӣ ва қатлу ғорат, ваҳшоният ва фаношавӣ беш нест.

Аз ин лиҳоз ҳар яки мову шуморо зарур аст, ки зимни истифодаи шабакаҳо фарзандону шогирдонро назорат намоем. Зеро аз эҳтимол дур нест, ки ҷавонон аз рӯи ҳавою ҳавас ё ноогаҳона вориди шабакаҳои ифротгаро шаванд.

Нерӯи бузурги тавонои кишвар имрӯз ҷавонон ҳастанд. Роҳбари давлат низ ба ҷавонон эътимоди комил доранд ва ояндасозу кишвар эътироф намудаанд. Пас нагузорем, ки ин қишри ҷомеа фирефтаи дасисаи иғвобарангезонаи террористон шаванд. Ба касбу ҳунар ҷалб намудани эшон вақтҳои холигиро пур намуда, назорати пайваста метавонад аз амалҳои ноҷо ва истифодаи бемақсади сомонаҳо дур намояд. Бо ин роҳ метавонем ҷавонони ватандӯст, донишманду ҳунарманд ва худогоҳу боғурурро тарбият намоем.

Заррина Раҳимҷонова

сарвари литсейи касбии саноати дӯзандагӣ , узви фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *