Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Ҳомиёни Ватан, поянда бошед!

Мардуми сарбаланди тоҷик имсол 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳро, ки зодаи истиқлолияти давлатӣ буда,ба як ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегирад.

Ҳар як кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ низ дар кишвар кам буданд.

Барои Нерӯҳои Мусаллаҳ 29 сол давраи ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерина буд.

Боиси ифтихору сарфарозист,ки имрӯз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда,ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо ин санаҳои хотирмон ҷашн мегирем.

Зикр кардан бамаврид аст, ки саҳми ҷавонони нерӯманди кишвар дар дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими қонуният, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва марзу буми он, ороми ҷомеа назаррас ёдовар мешавад.

Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре,ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузоранд, омода мебошанд.

Ҷавонписарони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ низ бояд тавассути омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз ҳадафҳои ватанпарастона огаҳ бошанд то тавонанд дар ҳимояи Ватани азизи худ ва шукуфоии он саҳме дошта бошанд. Беҳтарин мактаби мардонагӣ барои ҷавонон ин хизмат дар Артиши миллӣ аст. Ба ин мазмун, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки:”Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарасти мебошад”.

Ҳар як фарди ватандӯст, масъулини таълиму тарбия, падару модарон ва нафарони бонангу номус бояд дар қалби хонандагон эҳсоси садоқат ба Ватан,ба давлату миллат ва сокинони онро бедор намуда, онҳоро раҳнамоӣ намоянд, то барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона омода шаванд.

Ҷашни 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳомиёни шуҷоъ ва далери Ватан!

Фарҳодзода Фараҳноз – узви фаъоли ТҶҶ ” Созандагони Ватан “- и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *