Таҳти чунин унвон субҳи 4-уми апрели соли ҷорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо муҳассилини синфҳои болоии муассисаи таълимии № 14-и ҷамоати деҳоти ба номи “Фирӯзоба” мулоқот оростанд. Зимни мулоқот масъулини кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бобати мавзуъҳои мубрами рӯз, ба монанди ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва аз даст надодани зиракию ҳушёрии сиёсӣ ибрози ақида намуда, ҷавононро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳию хештаншиносии миллӣ даъват намуда, қайд карданд, ки ояндаи миллати тоҷик ва Тоҷикистон маҳз дар дасти ҷавонон аст. Инчунин дар рафти мулоқот оиди таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба ҷавонону наврасон сухан карда, қайд карданд, ки онҳо бояд пайравони асили роҳбари давлат ва дустдору ҳимоятгари марзу буми хеш бошанд.
Рубрики