(ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ)
Бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тибқи нақша-чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом санаи 9.12.2022 дар маҷлисгоҳи кумиҷроияи шаҳрӣ конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- 28 сол дар арсаи сиёсат” баргузор гардид. Дар чорабнии мазкур муовини Раиси шаҳри Конибодом Баҳоваддинзода Баҳоваддин, намояндаи кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ,сармуҳаррири рузномаи Сухани халқ- Абдусабур Абдуваҳоб, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ва ҳамчунин, вакилон, ҷавонону фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир зимни баромади хеш бобати дар давраи муташанниҷ ба арсаи сиёсат вуруд омадани ҳизби воқеан мардумиро фоли нек арзёбӣ намуд ва кулли ҳамсафонро ба муносибати 28 – солагии таъсисёбии ҲХДТ таҳният гуфт.
Намояндаи МИҲД – и шаҳр номаи табрикии раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзодаро ба кулли ҳамсафон ироа намуд. Абдусабури Абдуваҳҳоб -сармуҳаррири рузномаи Сухани халқ зимни баромади хеш муҳимияти неруи беш аз 500000 нафараи аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар фазои идеологии кишвар аз қадамҳои устуворона арзёбӣ намуда, нақши собиқадоронро дар таъсиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ калидӣ баён дошт.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи вакилону ҷавонон маърузаҳо дар мавзуи “ҲХДТ-ҳизби созанда ва бунёдкор”, “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти бонувон” ва “ТҶҶ “Созандагони Ватан- тарғибгари ҳадафҳои созандаи ҲХДТ” ироа гардид.
Суруди “Соҳибватанӣ” дар иҷрои ҳофизи хушовоз,аъзои фаъоли ҲХДТ Муҳаммадҷон Шокиров ва қироати шеърҳо аз тарафи муҳассилини муассисаи таълимии рақами 3 чорабиниро ҳусни дигар бахшид.
Дар фарҷом якчанд нафар фаъолон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ қадрдонӣ гардида, мутахассисони ҷавони ташкилоту муассисаҳои шаҳр соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд. Ҳамчунин ба собиқадорони ҳизб туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.