Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Ҷавононро тафаккури солим мебояд

    Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои  дастури Муовини якуми Раиси ҲХДТ  масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту суҳбатҳоро ҷоннок намуда, кушиш мекунанд, чун неруи бузургии идеологӣ дар афкори ҷавонон мустаҳкамии ақлу дониш, тафаккури солим, зиракии сиёсӣ, ватандустӣ ва худогоҳии миллӣ барин хислатҳои неки инсониро тарғиб намояд. Бо ҳамин мақсад дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимии №4  ин навбат суҳбати муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова , сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳр Аббосхон Аброров ва омузгорон бо муҳассилини муассисаи таълимии мазкур дар доираи масъалаҳои мубрами рӯз сурат гирифт. Масъулин бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бобати  таассуб ба фарҳанги либоспушии бегона , тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, рӯй  овардан ба китобу китобхонӣ ва бисёр мавзӯоти муҳими имруз сухан карда, аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, боилму бомаърифат гарданд , зеро соҳибилму соҳибақл ба ҳеҷ равияву қувваҳо майли рафтан надорад.

   Дар фарҷом ҷавонон баҳри дастгириҳои падаронаи роҳбарияти Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози сипос баен дошта, ибрози онро доштанд, ки ҳимоягару дустдори Ватани хеш мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *