Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ(бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон ва ҷиҳати дастгирии давлатии ин қишри фаъолу созандаи ҷомеа силсилатадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Чи тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
     Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин, даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд. Вохӯриҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар собит месозад, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, шаш ҷоизаи бо номи Исмоили Сомонӣ, барои олимон ва муҳақиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар самти ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд. Теъдоди квота ва стипендяҳои Президентӣ зиёд гардидааст.
     Мо — ҷавонони бо нангу ор дар ҷавоб ба ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созандаеро рӯи даст бигирем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунем, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани азизамон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзем, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошем ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо, махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Гулнора Урунова
Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти
КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *