Ҷавонон бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошанд, талаботи замонро пайваста эҳсос намоянд, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонанд, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гарданд ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархурдҳои ҷаҳонӣ ҳимоя карда тавонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан ҷавонон нерӯи азим, бақои умр ва ҳастии ҷомеа ба шумор рафта, муҳимтарин хусусиятҳои иҷтимоӣ, маънавӣ, ва арзишҳои ахлоқии гузаштагонро мерос мегиранд. Ягон ҷомеа бе насли ҷавон шукуфоии имрӯза ва беҳбудии ояндаро тасаввур карда наметавонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқею мақом ва расидан ба рисолати ҷавононро дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузори он пайваста таъкид намуда, дар ҳар нутқу баромадҳояшон ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ даъват менамоянд.
Дар ин радиф зикр шудааст, ки “Шумо,ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонед. Аз ин рӯ, бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоед, ки ибораи устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонаамон масъулияти бузурге ба дӯш доред”
Таваҷҷуҳ ба дастгирӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз ҳамчун яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат маҳсуб ёфта, ин тадбири муҳим ба таҳкими фаъолияти ҷавонон саҳми боризи онҳоро дар пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мусоидат намудааст.
Ҷавонон бунёдкорони ояндаи давлату миллатанд. Дар сохторҳои гуногуни мақомоту идораҳои давлатӣ низ фаъолияти тахассусии ҷавонон аз этибор сокит нест. Муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавононпеш аз ҳама воқеиятии худро дар фаъолияти табақаи ҷавонони кишвар пайдо мекунанд. Зеро ҷавонон дар ҳама гуна муносибатҳои сиёсӣ зиёдтар аз қувваи дигари иҷтимоӣ таъсисгузор мебошанд. Дигаркуниҳои ҷомеа ба маънои томаш дар навбати аввал ба ҷавонон таъсири худро мерасонанд. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳасостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеа доштаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои худ истифода карданӣ мешавад.
Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҷавонони имрӯза аз сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии ватани соҳибистиқлоламон шукргузорӣ намуда, сарҷамъона барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум”кӯшиш ба харҷ дода, баҳри ободию гулгулшукуфоии кишварамон саҳми босазои худро мегузоранд.
Ҳоҷиев Муҳаммадалӣ Аъзои ТҶҶ”Созандагони Ватан”
Хонандаи синфи 10-и МТМУ №2