“Шумо, фарзандони азизам,ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед!”
Имрӯз ин суханони пандомези Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро пайваста ба шогирдонам такрор намуда, мекӯшам бо ин васила ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро дар қалбашон ҷо намоям. Тарбияи шогирдони хушзеҳну боиродаву далер рисолати омӯзгор аст. Хоса дар ин рӯзгор, ки кашмакашҳои сиёсӣ ва задухӯрд байни кишварҳои абарқудрат идома дорад, нагузорем, ки ҷавонон раҳгум зананд. Барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ватандорӣ бо шогирдон муҳаббат дар ситоиши ин Ватани биҳиштосо, ободу озод бояд бештар сухан гӯем.
Вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳонӣ ҳар яки мо омӯзгорон, фаъолон , модарону куҳансолонро водор менамояд,ки дар таълиму тарбия ва истифодаи телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетии шогирдон, фарзандон , ҷавонон бетараф набошем. Тавре ки Президенти мамлакатамон дар Паёми имсола қайд карданд: “Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем.” Бояд шогирдонеро тарбия намоем, ки шоистаи эътимоди сарвари давлат бошанд.
Зеро ҷавонон-муҳофизони Ватану муаррифгари фарҳангу маданияти миллат, ояндасози Ватананд.