Субҳи 27 уми сентябри соли равон мулоқоти мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 баргузор гардид. Масъули кумиҷроияи шаҳр бо хонандагон суҳбати озод ороста, бобати масъалаҳои имруза андешаронӣ намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҷавонон чун нерӯи фардосози миллат дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат мавқеи хосаро доро буда, дар рушду нумуи ватани маҳбубамон саҳми муносиби худро соҳибанд.
Ҳамчунин, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан, 30-соли созандагиҳо бо Пешвои миллат, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва дуруст истифода бурдани расонаҳои интернетӣ андешарониҳо намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки пайравони асили Пешвои миллат бошанд ва зери сиёсати пешгирифтаи роҳбари ғамхори миллатамон дар нигоҳдории сулҳу суботи кишвар, тараққиёту пешравӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Доир ба муноқишаҳои байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон хонандагон фикрҳои худро баён намуда, иброз доштанд, ки баҳри ҳимояи миллат ва ҳифзи давлати соҳибистиқлоли хеш дар оянда саҳми назарраси хешро мегузоранд.