Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ : ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МНДРА”

Санаи 24-уми июн дар идомаи рафти Маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “МНДРА” баргузор гардид.

Дар Маҷлиси ҳисоботӣ зимни масъалаи якуми рӯзнома Раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, доир ба нақши кормандони ташкилот дар корҳои ободониву созандагӣ ва бунёду азнавсозии роҳҳои шаҳру деҳот ибрози афкор намуд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома Тоҳиров Музаффар раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Баъдан, намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб зимни суханронии худ иштирокдоронро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, доир ба аҳамияти таърихии Рӯзи ба имзо расидани санади сарнавиштсози миллат – “Эъломияи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ибрози назар намуд. Дар ин радиф, оид ба ҷонбозиҳо ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба рӯзгори ободу осудаи сокинони кишвар ибрози ақида сурат гирифта, ин фарзанди фарзонаи миллат меъмори асосии Ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардид. Дар ин ҷода, Ваҳдати миллӣ чун нодиртарин дастоварди миллати тоҷик бо Истиқлолияти давлатӣ дар як радиф қарор дода шуд. Дар ин радиф қайд гардид, ки бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик ва адолати таърихӣ амалӣ гашт, вале бо расидан ба Ваҳдати миллӣ парокандагии миллат ва хатари аз байнравии давлат бартараф гардид.

Ҳамчунин, зимни ҷамомад тамоми дастоварҳои ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба беҳтар гардидани фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маслиҳатҳо дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *