Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷаласаи навбатии фаъолияти семоҳаи ташкилотҳои ибтидоӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи Ғалчамулло гузаронида шуд. Дар он масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, котиби ташкилот ,фаъолони ҳизб ва бархе аз омузгорон ҳузур доштанд. Ҷаласаро котиби ташкилот ифтитоҳ намуда, оиди фаъолият ва корбариҳои ташкилоти ибтидоӣ маълумот доданд. Бобати камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи масъулони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дастурҳо дода шуд.
Дар фарҷом чанде аз ҷавонон ба сафи ҲХДТ қабул гардида , соҳиби шаҳодатномаҳи ҳизбӣ шуданд.