Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Ҷамъияти саҳҳомии ба номи ” Энаҷон Бойматова” давраи ҳисоботиро муваффақона ҷамъбаст намуд

Дар ташкилоти ибтидоии ба номи ” Энаҷон Бойматова” ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Нахуст намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова аз ҳуҷраи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дидан намуд.

Баъдан ҷаласаи ҳисоботӣ -интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ” Энаҷон Бойматова” -и шаҳри Конибодом аз руйи се масъала ба кори худ оғоз бахшид.

Тибқи рузномаи ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Солизода Ш ба самъи ҳозирин расонида шуда, бобати он музокирачиен зимни баромади хеш фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар ташкилоти ибтидоии ” Энаҷон Бойматова” -ро қаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр доштанд,ки тараққиёту пешрафти кишварро маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ эҳсос намуданд.

Зимни мулоқот нуктаҳо аз Паёми навбатии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати соҳаи кишоварзӣ қайд гардида, кишоварзон аз имкониятҳову дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози сипос намуда,фаъолияти хешро дар самти пешбурди зиндагии шоистаи мардум муҳим шумориданд.

Сипас,аз руйи масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

Ҳамчунин чор нафар аз ташкилоти ибтидоии мазкур ба ҳайси вакилӣ ба Конференсияи 26- уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод гардида,аз ҷониби масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ баъди қабули қарори дахлдор ба руйихат дароварда шуданд.

Муовини раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ зимни баромади хеш қайд намуд,ки саҳми ташкилоти ибтидоии мазкур ва аъзоёни он дар пешрафти ҷомеа назаррас арзёбӣ гардида, ҳар як аъзои ташкилоти мазкурро зарур аст ,ки бо эҳсоси баланди ватандорӣ минбаъд низ фаъолияти босамар дошта бошанд ва дар самти амалӣ намудани баномаҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда гузоранд.

Дар фарҷоми ҷаласа ҳамчунин ба чанде аз аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Энаҷон Бойматова” Сипосномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *