Рубрики
Асосӣ

Конференсияи ХХХ ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод

Дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25.05.2022, №12 ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 1-июли соли 2022 оид ба баргузории конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Конференсияи ХХХ ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар толори Қасри фарҳанг барпо гардид. Кори конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Дар кори Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Туйгун Шарифзода вакилон ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд. Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 1. Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022. 2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод 4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод 5. Интихоби вакилон ба конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд. 6. Масъалаҳои ҷорӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйгун Шарифзода, дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли соли 2022 ҳисобот дод. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ сафи аъзои ҳизб мутобиқи нишондахои оморӣ 1600 нафар афзун гаштааст.

        Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ ҳамарӯза талош меварзанд. Дар музокира вакил аз Раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев” Боймуродов Ҳабибулло, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ШИФО” Қобилова Саодат ва Раҳимзода Шаҳриёр мудири шӯъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баромад намуда, ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро дар давоми моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 мусбат арзёбӣ намуданд.

        Зикр гардид, ки ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссаи босазои худро гузоштанд. Фаъолияти дохилиҳизбӣ такмил дода шуда, муқоисакунии аъзои ҳизб гузаронида шуд. Ҳозирин маърӯзаи раиси комиссияи тафтишотии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Одиназода Зафарро ҷиҳати ҳолати молиявии Кумита дар ин давра шуниданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зикр дошт, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд. Раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода вакил аз ташкилоти ибтидоии “Мақомоти иҷроия ” дар назди ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон мунтазам талош дорад.

Инчунин дар Конференсия аъзои КИ ҲХДТ дар ҳайати 31 нафар ва раёсати он дар ҳайати 11 нафар интихоб гаштанд. Вакилони Конференсия 18 нафар вакилонро ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод намуданд. Дар маҷлиси аввалини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Шарифзода Туйгун Тоҳир ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод пешбарӣ гардид. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзадии пешбаригардида тасдиқ карда шуд. Дар интиҳо ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаҳои КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод супорида шуданд. Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия кори худро ба анҷом расонид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *