Рубрики
Асосӣ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ

«30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ», БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 11 ноябри соли равон  бо иқдоми КИМ ҲХДТ ва МИҲД-и вилояти Суғд дар муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории Конференсияи мазкур  ин арҷгузорӣ ба нақши таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои ҷонфидиоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат, бунёди давлати соҳибистиқлолу шинохти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ дар байни сокинони  кишвар мебошад.

Дар кори Конференсия муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз фикру ақидаҳои худро иброз намуд.

Ҳамчунин, дар кори Конференсия вакили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова, профессор, мудири шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдулманнон, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз ва профессор, муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара Қозиён Шариф Қозӣ  андешаҳои худро бобати Иҷлосияи тақдирсоз баён доштанд.

Дар кори Конференсия, ҳамчунин муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, олимони варзида аз манотиқи гуногуни кишвар, докторони илм, профессорон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, раисони кумиҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, собиқадорони ҳизб, занон ва ҷавонон ширкат варзиданд.

 Дар  идомаи Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣтаъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст, ки яке аз чорабиниҳои меҳварии он ин баргузории аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета”  таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” мебошад. Аксияи мазкур бо мақсади ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон  гузаронида шудааст.

        “Албом-эстафета” аз 12 сентябр то имрӯз ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат сайри сиёсиву маънавӣ намуда, барои мустаҳкам намудани равобити дӯстии сокинони кишвар боз як бори дигар такони ҷиддӣ бахшид.“Албом эстафета”-и мусаввар чун бузургтарин оиннаи корномаи Пешвои муаззами миллат ба Осорхонаи қасри таърихию фарҳангии “Арбоб” эҳдо хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *