Рубрики
Last News

Корвони китоб дар Конибодом

Дар радифи сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом намоиш-фурӯши “Корвони китоб” баргузор гардид, ки дар он аҳли ҳизбиёни шаҳр фаъолнокӣ нишон дода, барои ғанӣ гардонидани китобхонаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ китобҳои тозанашри муассисаи нашриёти “Адиб”-ро харидорӣ намуданд. Дар чорабинӣ нависандаву адиби шинохта, ҳамдиёрамон Абдуғаффори Абдуҷаббор ҳузур доштанд ва бо дӯстдорони китоб мулоқот намуданд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор шудани намоиш-фурӯши “Корвони китоб” барои ҳизбиён боиси руҳбаландӣ буд ва он ҷаҳони маънавии хонандаро нисбат ба китобу китобхонӣ афзун хоҳад намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *