Рубрики
Uncategorized

Кори ҳизбӣ такмил меёбад

          Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати санҷиши роҳандозии  корҳои дохилиҳизбӣ тибқи нақша аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, барои беҳдошти он  ёрии амалӣ мерасонад.

          Муовини раиси Кумиҷроия Парвина Тошева, мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев, Мавлуда Тоҷиева, Мастона Муродзода ва Қобилҷон Ҷалолов дар ташкилотҳои ибтидоии ҳифзи муҳити зист, хонаи пиронсолон, экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён, коллеҷи  тиббӣ бо ташкили кори дохилиҳизбӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатгузорӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ шинос шуда, ба раисон ва масъулони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

         Воқеан, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент соли равонро соли кор бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ эълон намуда, дар ин замина пайваста барои беҳдошти фаъолияти онҳо тадбир меандешад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *