Рубрики
top pay day loan

КОРҲОИ ТАРҒИБОТИЮ ТАШВИҚОТӢ

Гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар байни аҳолии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бобати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаҳо, тоза намудани гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, таъмиру сафолакпӯш намудан, пешгирии бемориҳои сироятӣ истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар як ваҷаб замин, истеҳсолу захира кардани миқдори зарурии маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар оила, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷиҳати сарфаю саришаткории маводи озуқаворӣ мунтазам мулоқоту вохӯриҳо ва гардишҳои хона ба хона ташкил намуда меояд. Санаи 27.05.2021 дар Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳия гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар ноҳия аз рафти истифодаи самарноки замини наздиҳавлигии сокинон ва корҳои ободонию бунёдкории онҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ боздид ба амал оварда, зимни ташриф оиди Истиқлолият ва азизу муқаддас нигоҳ доштани ин дастоварди бузурги миллат ибрози андеша намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *