Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода имрӯз як гурӯҳ рӯзноманигоронро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кумитаи иҷроия пазироӣ намуд.
Дар сӯҳбате, ки бо рӯзноманигорон доир шуд, Мурод Шукурзода дар бораи таърихи нашри нахустин рӯзнома ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна- “Бухорои шариф”, ҷойгоҳи васоити ахбори умум, рӯзноманигорон дар иттилоърасонӣ, ташаккули афкори созанда дар ҷомеа, тарғиби сиёсати Пешвои муаззамаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои ҲХДТ нақл намуда, робитаи густурдаи Кумитаи иҷроияро бо васоити ахбори маҳаллӣ дар фаъолияти он хуб арзёбӣ намуд ва ҳамаи рӯзноманигорон ва кормандони васоити азбори умумро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Зимнан, Кумитаи иҷроия бо васоити ахбори умуми маҳаллӣ вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ робитаи хуб дошта , яке аз панҷ ниҳоди ҳизбии шаҳру навоҳии вилояти Суғд аст, ки нашрияи худро бо номи “Фарвардин” ба табъ мерасонад. Мулоқот бо рӯзноманигорон арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бошад анъанаи хубест, ки Кумитаи иҷроия солҳо боз роҳандозӣ менамояд.