Рубрики
Uncategorized

Курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроия оғоз шуд

                Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисону кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоӣ имрӯз дар шаҳри Панҷакент курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид, ки он то 20 май идома меёбад.

Иштирокчиёни курси бозомӯзиро дар ҳайати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Эмомалӣ Насриддинзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Азизӣ  Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва раисони Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҲХДТ дар деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода,  раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб , узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, аъзоёни Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва фаъолони ҳизб, ашхоси барӯманди шаҳр пазироӣ намуданд ва онҳо  боздидашонро аз шаҳри Панҷакент аз зиёрати оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд  оғоз бахшиданд.

          Дар назди дарвозаи оромгоҳ  хонандагон аз ашъори ноби устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пораҳо  қироат намуданд ва меҳмонон зери садои сурудҳо бар ашъори устод, ки аз ҷониби ҳунармандони хонаи фарҳанги деҳаи Панҷруд садо дод, оромгоҳи мубораки  Одаммушшуароро зиёрат карданд, аз китобхона ва осорхонаи назди он дидан намуданд ва  дар китоби зоирони фахрӣ  мулоҳизаҳояшонро  навиштанд.

          Боздиди иштирокчиёни курси бозомӯзӣ аз хона – музеи Шоири Халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ дар деҳаи Мазори Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ аз гузоштани гулчанбар дар пояи муҷассамаи шоир оғоз шуда,  меҳмонон аз шеърхонии хонандагони муассисаи таълимии деҳа  ба ваҷд омаданд ва тамошои нигораҳои хона- музеи шоир ба онҳо таассуроти амиқ бахшид.

          Пагоҳ машғулиятҳои курси бозомӯзӣ оғоз шуда,дар ҷараёни он қироати маърӯзаҳои илмӣ ва оммавӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, баррасии бурду бохти фаъолияти кумитаҳои иҷроия дар самтҳои афзалиятнок, мизҳои мудаввар ва суҳбату мулоқот бо сокинон, ннчунин, боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ,ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар назар дошта шудааст.

          Аз ҷараёни курси бозомӯзӣ  хабару гузоришҳо нашр мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *