Рубрики
Uncategorized

КУҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Наврӯз ҷашни муттаҳидсозандаи башарият

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадима ва таърихи тоҷикон буда, аҷдодони мо қарнҳо пеш ин ҷашнвораро бо русуми одоби хосааш таҷлил мекарданду гироми медоштанд.  Ба ҳамагон маълумаст, Наврӯз як ҷашни ба ҳамаойи муттаҳидӣ буда, ҳамасола бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Маълумаст, ки Наврӯз ҳамчун як ҷашни қадимтарин ҳанӯз соли 2009 ба фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали  соли 2010 аз ҷониби Маҷмааи Созмони миллалӣ муттаҳид 21- март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шудааст. Аз ин ба баъд як ҷашнвораи миллии моро дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранду гироми медоранд.  Инҳо нишонаи ба ҳам омадани миллати тоҷик дар зери сиёсати оқилонаю фарҳангпарваронаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Наврӯз расму оин ва суннатҳои хоси худро дорад, ки маҳз ҳамингуна суннатҳою оинҳои наврӯзӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардааст. Мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддасӣ ниёгонамон ҳамасола бошукргузори аз суботу оромии мамлкат таҷлил менамоем. Муҳимтарин маросимҳои Наврӯз, ин пеш аз ҳама хона тозакунӣ, достархони ҳафтсину ҳафтшин мебошад. Хӯрокҳои наврӯзӣ аслан аз ғалладонагиҳо пухта мешаванд.  Роҷеъ ба таърихи пайдоиши Наврӯз ва баргузории он дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ донишмандони тоҷику эронӣ маълумотҳо ва матолиби зиёде нашр кардаанд. Дар вокеъ Наврӯз як ҷашни ҳамдилию муттаҳидӣ ва зебогиву тароват мебошад. Чун дар боло гуфтем доир ба таърихи Наврӯз маълумоти зиёде вуҷуд дорад ва бо гузашти 12- умин солгардии ҷаҳонии ин ҷашни муқаддаст дар тафаккури пиру барно ва оддитарин афроди ҷамъият тассуроти хубе гузошту дар дили ҳар кас таровату нигоҳи наве ба ин иди бостони ҳувайдо шуд.  Ба вазъи иҷтимоии имрӯз нигарем, расму оин ва суннатҳои Наврӯз ба ҳамагон маълум дар солҳои қабл шояд бо камбуди расонаҳо, шабакаҳои иҷтимои ба хусус телевизион кам касон аз ҷузъиятҳои муҳими ин ҷашнвора огоҳ буданд. Хушбахтона бо рушди тараққиёти илму техника ва воситаҳои хабаррасону минбарҳои таблтиғ, тамоми қишри ҷомеа доир ба ҷашнвораҳои миллӣ ба хусус Наврӯзи байналмилалӣ огоҳ шуданд. Мақсад аз ин ҳарфҳо дар онаст, ки то таҷлили Наврӯзи ҷаҳони рӯзҳои ба шумор мондааст, ба кадом кучае гузар накуни пиру барно ва ҳатто кӯдакони нозинии наврӯста аз таҷлили Наврӯз пурсон мешаванд ва аз каломашон маълумаст, ки барои  рӯзи баргузории ин ҷашнвора интизори мекашанд. Занону бонувон хонаву дарро тозаву озода мекунанд, дар канори онҳо мардон корҳои деҳқониро сомон дада,инчунин роҳҳои маҳал ҷойҳои ҷамъиятиро тозаву озода мекунанд. Духтарбаччаҳои синни мактаби бо санъати мақбули хеш дар як гӯшаи айвони хона  суманак парвариш мекунанд то, ки дар рӯзи ҷашн онро ҳамчун рамзи наврӯзӣ сабзу хуррам ба намоиш бигзоранд.  Яъне Наврӯз бо русуму оини хосаш, дар дили ҳамагон ҷой гирифтаву ҳамчун муждаи фасли баҳор зиндашавии табиат, оғози кишту кори баҳорӣ бо умеди ҳосил дон-пошидани марди деҳқон, фаровонии ризқу рӯзӣ, эҳсоси гарми ҳамдилию ба ҳамойи ва ҳамдигарбахшию ҳамдигарфаҳмӣ дар дилу дидаҳо ҷой гирифтаву бо чунин таровату нафосаташ дар ниҳоди ҷомеаи ҷаҳони маъво гирифтааст.

Агар ҷомеаи ҷаҳони –соласт, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, миллати  мо қарнҳост, ки аз ин ҷашнвораи бостонии хеш бо номи Наврӯз ҷашн мегирад. Дар шароити имрӯз давлатҳои абарқудрат ба ҳар роҳу восита мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро бо молу сарват ва қудрату тавон ва дигар роҳҳо мутеъу тасхир кунанд. Аммо миллати тоҷик чун аҷдодони хеш бо тиннати поку инсонпарвари ва бо матонату фарҳангпарварии хеш, алалхусус бо русумву одоб ва фарҳанги ғании хеш дар дилу дидаи ҷомеаи башари мақому манзалати хосеаро касб намудааст. Агар ба таърих ва шароити имрӯз нигарем, дар миёни дигар молу анволи олам фарҳанг ҷовидонист, пас умедаст, ки миллати тоҷик бофарҳангии бою рангини худ  дар фазои ҳамдили ҷовидона хоҳад монд.

Муборак ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ,

Муборак ҷашни дӯстию амонӣ.

Нав-иншои ту эй ҷашни ҷаҳонӣ,

Ҷаҳон гар бигзарад ту ҷовидонӣ.

Расонди меҳру дӯстӣ руйи олам,

Кунун Наврӯзи мо Наврӯзи олам.

Дуруд бар пайку осори гузашта,

Ба мо зеботарин ҷашне гузошта.

Варо Наврӯз гӯянд дар баҳорон,

Ба дилҳо завқ орад садҳазорон.

Муборак ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ,

Муборак ҷашни дӯстию амонӣ.

             Ҳоҷизода Саидвоҳид Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *