(Бахшида ба Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон)
Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 1-уми июн ҳамчун Рўзи байналхалқии ҳифзи кўдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардида буд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ин рӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил мегардад. Мо пайваста ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати кудакону наврасон эҳсос мекунем ва мебинем.
Ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фаро гирифтан ба таҳсил, нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал тадбиқ мегарданд.
Мисоли ин гуфтаҳо ин аст, ки дар давоми даҳ соли охир бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат кӯдакистонҳои давлативу ғайридавлатӣ ба истифода дода шуданд, ки мунтазам фаъолият доранд.
Тавре Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд: «Мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои навраси мо хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замона гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд».
Дар баробари ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» яке аз тадбирҳои дигари муҳими роҳандозинамудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад, ки 2 майи соли 2007 қабул гардидааст.
Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Кўдакону наврасон ояндаи давлату миллатанд ва ҳамаи кўшишу заҳматро баҳри он равона бояд сохт, то онҳо дастгирӣ ёбанд, ҳуқуқҳояшон ҳифз шавад, дар муҳити созгору созанда ба камол расанд ва ворисони сазовори ин сарзамин гарданд.
Дар арафаи ин рӯзи ид ба падару модарон, бобою бибиҳо, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки қувваю дониши худро баҳри тарбия ва инкишофи насли навраси мамлакат равона месозанд, миннатдории худро баён намуда, ба онҳо дар ин ҷода муваффақиятҳо орзу менамоям.
Урунова Г.И-мудири шуъбаи иттилоот
ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом