Рубрики
Uncategorized

КӮДАКОН ЗЕРИ ҒАМХОРИИ ДОИМИАНД

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З М дар тантанаи идонаи кӯдакони ноҳияи Зафаробод ки ба хотири ҷашнҳои қарибулвуқӯъ ороста буданд, иштирок намуда, шодишарики нишоти онҳо гардид. Зимни сӯҳбат бо кӯдакон ва мураббиён Исмоилзода З М таъкид дошт, ки кӯдакон воқеан имрӯз ҳамчун ғунчаҳои шукуфони боғи истиқлоли кишвар буда, парасторию тарбияи эшон масъулияти бузург дар назди волидайн ва мураббиён қарор дода мешавад. Имрӯз аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбия ва дастгирии иҷтимоии кӯдакон ба хусус нафароне, ки имконоти маҳдуд доранд ва осебпазир мебошанд, таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои аввалиндараҷа ба роҳ монда шудааст. Ин иқдоми шоиста имрӯз низ роҳандозӣ гардида, дар чорабинӣ ба як чанд нафар кӯдаконе, ки бо амри қисмат аз падар ё модар ҷудо гардидаанд тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Кӯдакон бо эҳсоси наҷиби хурсандию фараҳ ба гурӯҳи меҳмонон миннатдорӣ баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *