Рубрики
Uncategorized

КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА

Нимаи дуюми санаи 7-уми май масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади расонидани ёрии моддӣ ба зарардидагони муноқишаи сарҳадии миёни Қирғизистону Тоҷикистон ба деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафар намуда, ба ҷабрдидагони муноқишаи мазкур кӯмаки башардӯстона расониданд. Дар ташкили чунин кори хайр саҳми фаъолони ҳизбӣ, вакилон ва саховатпешагони шаҳри Конибодом назаррас мебошад. Кӯмаки башардӯстонаи мазкур аз ашёҳҳои рӯзғор, сару либоси мактабиву пойафзол ва маводҳои озуқа иборат буда, осебдидагони деҳаи номбурда бо шукргузори аз тинҷиву оромӣ ва арзи сипос қабул намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *