Рубрики
Асосӣ

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Бадахшон як узви Тоҷикистонаст

(Нигоҳе ба вазъи Афғонистон ва як узви Тоҷикистон Бадахшон)

Тоҷикистон як кишвари зебову офтобруя мебошад, ки бо таърихи бою рангинаш, бо Хуҷанду Хатлону Бадахшонаш шинохтаву машҳури олам мебошад. Ин кишвари ҷавони мо ҳанӯз 30-сол пеш Истиқлолияти комил ба даст овард. Ин неъмати бебаҳо бо сарҷамъию муттаҳидии Хатлонию Бадахшонӣ, Суғдию Зарафшонӣ ба даст омаду як фазои комилан орому осударо дар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод кард. Ва ин ҳамдигарфаҳмию ҳамдилии миллати тоҷик буд, ки суботу ороми дар мамлакат побарҷо гардид ва 3-даҳааст, ки миллати тоҷик дар фазои ороми баҳри ободии ин гушаи аҷдоди паҳлуи ҳамдигар дасту по мезананд. Бояд ҳар фарди тоҷик аз ин неъмати бебаҳои Истиқлолият ва суботи оромии мамлакат қард кунад ва баҳри посдории он масъул бошад. Дар ин бобат мисоли равшан кишвари ҳамҷавори мо Афғонистон мисол шуда метавонад. Бубинед пас аз оадани тодибон дар моҳи августи соли гузашта ҳоли ин миллат чӣ шуд. Аслан гирем солҳои тулонист, ки кишвари ҳамҷавори мо бод алели ноороми ва худхоҳию кинапардози ба ҳамдигар ва вуҷуди хориҷиҳо ҳеҷ ором набуд. Вале пас аз оне, ки толибон ба ин мулк ба қавли худашон ҳоким шуданд вазъ бадтар аз гузашта шуд. Умед буд, ки пас рафтани хориҷиҳо як давлти ҳамашумули афғонӣ ташкил шуда ин мардум ба ороми мерасад, мутаассифона ин умедҳо боз бо домони ноумеди гиреҳ хӯрд. Бубинед, ки имрӯз толибон дар Афғонистон ба ҳар нвъе дилашон хоҳад амру қарор ва қонунҳо содир мекунанд. Мо ҳамаги шоҳиди онем, ки дар оғози ба даст ғасби ҳукумати Афғонистон аз ҷониби толибон, мардуми кишвар аз ин ҳол чигуна ба давлатҳои хориҷи аз ҷумла ба кишвари мо фирор карданд. Онҳое, ки дар кишвр монданд, дар шроити мармуз дар фарқ ба сар мебарнд хеле возеҳу равшан аст. Албатта тасвири ҳоли мардуми афғон дар забони ҳама чарх мезанад, аммо душвории ин ҳаводисро ки меканшад боз маруми мазлум, кӯдакони нозанин, наврасони дабстону муҳассилини мактабҳо. Агар маҷмуан хулоса кунем, ин кишвар бо тадбири як туда хоҷапарсту худхоҳ, ки ҳар навъ дилашон хоҳад ҳукумат мекунанд солҳои тулони ранҷ мекашанд. Аз ин кирдору рафтор албатта мо ҳамчун кишвари ҳамсоя бе тараф нестем, аммо мо дар андозаи хеш тавон кӯмак дорем яъне ҳамаи ранҷи онро дармон нестем. Ба мо маълум шуд, ки сулҳу субот ва ороми дар ҳамбасти ва ҳамдигарфаҳми ба миён меояду бас. Давлату миллати тоҷик баҳри дастгири ва пешгирии ҳаргуна гуруҳҳои тунрав, худхоҳ ва дорои ҳаракатҳои террорист ива экстромисти дошта ба таври қатъи корбари менамояд. Дар охири соли гузашта дар Боми ҷаҳон Бадахшон чи воқеа руй ба ҳамагон маълумаст. Яъне: кормандони мақомоти қудрати баҳри дастгирии ҷинояткоре иқдом карданду кор ба муқобилияти ҷинояткор ва ҳалокати у анҷомид. Ба гуфти мардум «забони дузд дароз» бар зами кирдорҳои ҷинояти дар муқобили кормандони интизоми сархам нашуд. Ин ҳаводисро мардуми сарбаланд Бадахшон нодуруст фаҳмида даст ба эътироз заданд ар ин миён мухолифону бадхоҳод ин муамои кӯчакро ҷилва дигар дода тариқи фазои иттилооти паҳн ва вазъро хостанд душвортар кунанд. Хушбахтона бо тадбирҳои созндаву инсондӯстонаи давлат ва ҳукумати мамлакат вазъ ором шуд. Аммо ҳанӯз ҳастанд, баъзеҳо ки тариқи шабакаҳои гуногуни иҷтимои дар бобат ҳарфу ҳиҷо зада дам аз баробарию адолат мезананд, ки худ бехахар аз адлу инсофанд. Чун гуфтем миллату давлати тоҷик бо якпорчагию ҳамдигарфаҳми ба Истиқлолият расид, пас ҳангоме ҳама якдилу якҷонанд ба гуфтаи шайх Саъдӣ:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Албатта хоҳ аз ҷиҳати мусбат ва хоҳ манфӣ таъсири руҳияи ин мардум ба дигар манотиқ мерасад. Дар ин хусус бояд эҳтиёткор буд зеро, сулҳи тоҷикон ва суботу оромии кишвар ба осони ба даст наомадааст, дигар миллати тоҷик дар роҳи фитнаю кинапардози фарзанди қурбони надорад. Чаро мо метавонем барои як ҷинояткор ин қадар даъвою маъво кунем аммо дар роҳи пешгирии кирдорҳои номатлуби он ва тарбияи дурусти он дар вақташ талош намекунем. Давлат бо сиёсат ва суботу ороми побарҷост вақте, нафаре ба сиёсати давлат латма мезанад албатта ба суботу ороми таъсир мерасонад. Пас давлат барои масъулияти бадуш доштааш дар назди миллат кор хоҳад кард. Дар боло низ гуфтем, ки агар суботу оромии миллати Афғонистонро як туда ашхоси хоҷапарасту худхоҳ солҳост, ки ба ҳам задаву сарсон кардаанд. Ин кирдорҳо дар андешаи як нафар ба дигар нафар дар қолаби озодихоҳию, худхоҳи ва дигар шеваҳои авомфиреби рушд карда ба ҷамъияти калон мегузарад ва муҷиби нооромиҳо мешавад. Дар як навбат давлати мо кори хубе кард, ки пеши роҳи чунин як гуруҳи хатарнокро гирифт, аммо мардум онро дигаргун қабул карданд. Пас бояд миллати тоҷик ба хусус сокинони соҳибиродаи Бадахшон пеш аз ҳама дар фикри суботу оромии мамлкат ва баҳри ҳимояи якпорчагии ин мулк дар канори давлат бошанд. Имрӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳони ба ҳамагон маълум, худхоҳии абарқудратон, ҳадафҳои геопалитикӣ ва чолишҳои солҳои охир, ҳоли ҷомеаи ҷаҳониро чигуна кардааст. Давлати мо давлати ҷавон дар назди таърих двлате, ки нав ба остонаи тараққиёт по ниҳода. Имрӯз ҳукумати мамлакат дар фикри ҳимояи сарҳадоти худ бошад ё ҳалли муамоҳои дохилӣ? Намунаи чунин кирдорҳо теша ба решаи худ заданаст.Чӣ имрӯз мо муноқиша кунем хуни ҳам резем, фардо бегонаи ба нон медиҳад ё кишвари моро обод мекунад на ҳаргиз, кишвари ҳамҷавори мо намунаи ибрат. Бубинед хориҷиҳо то расидан ба ҳадафҳои худ истода сипас вақте зарурие, ки бояд ба ин миллати мазлум кумак мекарданд фирор карданд.

Имрӯз миллат ва давлати мо дар зери сиёсати оқилонаи Пешви миллам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри якпорчаги ва суботу оромии мамлакат, инчунин баҳри ободу зебо намудани Тоҷикистони биҳиштосо кору фаълият намуда истодааст. Мардуми Тоҷикистон баҳри ҳифзи якпорчагии хеш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, баҳри таъмини суботи сиёси тадбирҳои лозима роҳандози менамоянд. Мо набояд барои тудае аз ҷиноятпеша ба суботу оромии мамлакат халал ва номи миллати тоҷикро дар саҳнаи таърих хадчадор намоем. Бадахшон узви Тоҷикистон ва мероси аслии миллати тоҷик аз гузаштагон мебошад. Мардуми ин Боми ҷаҳон чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи Тоҷикистон буда, дар зери ғамхории доимии давлат ва ҳукумати мамлакат мебошанд. Тоҷикистон бо якпорчагии Суғду Хатлону Бадахшон зиндааст ва ин муттаҳидиро то абад пос медорад.

КИ ҲХДТ дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *