Санаи 5 –уми апрели соли 2022 бо мақсади расонидани ёрии методӣ гурӯҳи кори аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҷумла Салимов Фирдавс роҳбари дастгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ, Зоҳидов Фаррух мудири шуъбаи умумӣ ва Саидов Фирдавс мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумиҷроияи вилоятии ҳизб ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омада аз фаъолияти кории Кумиҷроияи ноҳиявӣ, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, иҷрои нақша-чорабиниҳо, тарзи қабул ба сафи ҳизб ва дигар корҳои дохилиҳизбӣ дидан намуданд. Ҳайати гурӯҳи кори нахуст дар бинои Кумиҷроияи ноҳиявӣ тамоми ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориро аз назар гузаронида, ҷиҳати беҳтар намудани кор бартараф намудани камбудиҳо дар рафти кору ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин оиди ислоҳи камбудиҳо дар ин раванд ба кормандони КИ ҲХДТ дар Кӯҳистони Мастчоҳ маслиҳатҳои медотӣ ва дастурҳои муфид доданд. Пас аз боздид ва баррасии камбудиҳои ҷойдошта дар самти корҳои ҳизб, гурӯҳи кори бо кормандони Кумиҷроияи ноҳиявӣ як суҳбати озоду ошкоро ва саволу ҷавоб доир намуданд. Кормандони Кумиҷроияи ноҳиявӣ аз ҳайати гурӯҳи корӣ ба саволҳои пешниҳоднамудаи хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.
Рубрики