Рубрики
Асосӣ Мақола

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Парчам муқаддасот ва рамзи давлатдории миллӣ

АНДЕША :Ҳамасола дар кишвар 24 -уми ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин муқаддасоти миллӣ, ҳамчун рамзи давлатдори ва нишон аз кишвари мустақилу соҳибихтиёри мо тоҷикон мебошад. Парчами давлатии мо чунон моҳиронаю оқилона тасвир шудааст, ки ҳатто бо рангҳояш рамзи давлатдории миллии моро инъикос кардааст (дар бораи хусусияту хосияти рангҳояш пиру барно хуб огаҳи доранд). Парафшонии Парчам дар идораҳои маъмурию давлати нишон аз озодию соҳибихтиёрии давлати тоҷик мебошад. Миллату давлати Тоҷикистон ба ин рамз ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд ва барои парафшонии он ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд. Ҳаминаст, ки соли 2011 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе Парчами давлати бо баландии 165метр қомат афрохт. Бадин минвол дар асоси амру дастурҳои Пешвои миллат,Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳури чунин сутунпояҳои бузург барои парфшонии ин рамзи давлатдорӣ сохта шуданд. Аз ҷумла дар ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ боғи Парчам ва Нишон сохта шуд ва дар расми ифтитоҳи ин боғ ки дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давдатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ воқеъ аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 20-августи соли 2019 низ иштирок карда Парчами давлатиро дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон парафшон намуданд. Чунин боғҳо бо мақсади таъмини фароғати сокинон ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа ба хусус арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдори дар шаҳру навоҳии мамлакат сохта шудаанд.

Парафшонии Парчам ва муқаддасоти миллӣ барои ҳар як фарди тоҷик саодати ифтихор мебошад. Ба хусус замоне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарон мо пирӯз мешаванду Парчами кишвари мо болотар аз ҳама ҷилвагар меҳавад, шахси ватандӯстро чӣ ҳиссиёте фаро мегирад. Чи шодибахшаст чунин ҳолат. Ба воситаи ин рамзи давлатдори моро дао аосаи ҷаҳон мешиносанд.

Парчами ин рамзи муқаддасоти миллӣ ва давлатдории тоҷикон, инчунин нишон аз кишвари ободу бо иқболи Тоҷикистон, рамз ва гувоҳи ҳамдигарфаҳмию бо ҳам будани миллати тоҷик мебошад. Миллату давлати тоҷик ин муқаддасоти миллиро пос медораду эҳтиром менамояд. Парафшон бод Парчами давлатии Тоҷикистон!

Саидвоҳид Ҳоҷизода

Кӯҳистони Матсчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *